, Панҷшанбе, 13-ноябр

ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи чорабиниҳои илмӣ ва тарбиявии бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 13 ноябри соли 2025, дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ аз ҷониби Файзализода Зулқада, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он, дар гурӯҳи таълимии 109-и ихтисоси «Биология. Биотехнология» баргузор гардид.

Дарси намунавӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва илм» гузаронида шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён дар самти шинохти нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Дар ҷараёни дарс устод Файзализода Зулқада оид ба ташаббусҳои созанда, дастгирии доимии соҳаи маорифу илм, таъсиси муассисаҳои таълимии муосир ва саҳми Пешвои миллат дар тарбияи насли ҷавон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дарс бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, воситаҳои муосири аёнӣ ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ баргузор гардида, донишҷӯён бо шавқу завқ дар муҳокимаи мавзуъ ширкат варзиданд.

Дар анҷом, иштирокчиён баргузории чунин дарсҳои намунавиро муҳим арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки ин гуна дарсҳо ба баланд бардоштани сатҳи маърифат, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!