, Шанбе, 06-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

Имрӯз, 13 ноябри соли 2025, дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳои факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.

Дар ҷараёни семинар муаллимони калони кафедра Ҷураев Бобохон дар мавзуи “Нақши омӯзгор дар тарбияи хислатҳои ҳамидаи хонандагон” ва Бегиев Шариф дар мавзуи “Таълими имло ва вазифаи омӯхтани он” баромад намуданд.

Мавзуъҳои пешниҳодшуда дорои муҳтавои илмӣ ва аҳамияти амалӣ буда, миёни иштирокчиён мубоҳисаву мулоҳизаҳои судманд ба миён оварданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!