,
Панҷшанбе, 13-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Дар ҳамин замина, имрӯз, (13 ноябри соли 2025), дар факултети химия ва биология аз ҷониби Бобозода Бахтиёр – дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими он, дарси намунавӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори истиқлолият” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс устод Бобозода Бахтиёр оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушду пешрафти соҳаҳои илму маориф, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дарс бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ва воситаҳои аёнӣ баргузор гардида, донишҷӯён бо шавқу завқ дар муҳокимаҳои мавзуӣ иштирок карданд. Онҳо бо далелҳои таърихӣ ва воқеаҳои муҳими даврони истиқлол шинос шуданд ва дар бораи саҳми шахсияти таърихии Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаҳои худро баён доштанд.
Дар фарҷоми дарс, иштирокчиён баргузории чунин дарсҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дарсҳои намунавӣ ва тарбиявӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш, худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамоянд.