,
Панҷшанбе, 13-ноябр
Имрӯз, 13 ноябри соли 2025, дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки роҳбарияти факултет, устодони кафедра баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар маърӯзаи муаллими калони кафедра Сайдалиева Зуҳро дар мавзуи “Таҳлили ибораҳои исмӣ дар забони тоҷикӣ ва забони англисӣ” шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар маърӯза масъалаҳои муқоисавии сохтор, маъно ва хусусиятҳои грамматикӣ ва сабкии ибораҳои исмӣ дар ду забон таҳлил ва натиҷаҳои илмӣ пешниҳод гардид.
Пас аз ироаи маърӯза миёни иштирокчиён мубоҳиса сурат гирифт. Устодон назару андешаҳои худро оид ба мавзуи баррасишуда баён намуда, барои ғанӣ гардондани таҳқиқоти минбаъда тавсияҳои судманд пешниҳод карданд.