, Панҷшанбе, 25-декабр

ДАРСИ БУЗУРГИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


Фото 2
Фото 3

(Тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсоз)

Дар остонаи таҷлили Рӯзи Президент ва Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо рӯҳу илҳоми ватандӯстӣ ва эҳтироми амиқ ба арзишҳои миллӣ тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” баргузор гардид.

Ин иқдоми пурмаъно бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва бо ҷалби донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи бузурги  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Филми “Марди роҳ” бо баёни саҳфаҳои пурифтихори таърихи муосири Тоҷикистон, роҳи пуршарафи давлатсозиву давлатдорӣ ва талошҳои хастанопазири Пешвои миллат барои барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар кишвар дар қалби ҷавонон эҳсоси гарми муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба арзишҳои истиқлолро бедор намуд.

Донишҷӯён бо эҳсоси ифтихор аз тамошои филм таъкид намуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба наслҳои нав роҳи равшан ва сабақи ватандӯстӣ мебахшад.

Ин тадбири пуршукӯҳ намунаи барҷастаи ҳамбастагии илм, маърифат ва тарбияи ватандӯстӣ буда, гувоҳи он аст, ки ҷавонони донишгоҳ омодаанд дар партави ғояҳои созандагии Пешвои миллат барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dea2853osa3up2fbpfli4j9h77 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dea2853osa3up2fbpfli4j9h77): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_gon42ojf5vh3fhh4cpk0anj2q0 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_gon42ojf5vh3fhh4cpk0anj2q0): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_vfe43ui1qs1ssnlam2u9om9ki9 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_vfe43ui1qs1ssnlam2u9om9ki9): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274