, Панҷшанбе, 13-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дунёи сиёсат”-и назди кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи ХVI Шурои олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, дотсент Муродова Гулчеҳра, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Пирназаров Эмомназар, муовини  декан оид ба илм инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, дотсент Файзов Рамазон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедра Яъқубзода Фируз, роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфта, ба рӯзномаи маҳфил шинос намуд.

Сипас, Дилнозаи Эмомалӣ - донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти қарорҳои сиёсии он” ва  Боронзода Мадина  - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси болозикр дар мавзуи “Ташаккулёбии равандҳои идоракунии сиёсӣ дар Тоҷикистон” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!