,
Панҷшанбе, 13-ноябр
Рӯзи 12 ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат баргузор гардид.
Ҷаласа ба баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолият бахшида шуда, онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Нахуст масъалаи «Ҳолати риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ, пардохти маблағи иқомат дар хобгоҳ, ҳолати будубоши донишҷӯёни иҷоранишин, таъмини гурӯҳҳои таълимӣ бо сарпарастон, фаъолияти Шурои кураторон ва ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ» мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ин замина сардори раёсати тарбияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таклифу пешниҳодоти судмандро ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мавҷуда ироа намуд.
Сипас масъалаи «Натиҷагирӣ аз иҷрои нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ ҷиҳати амалисозии “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” баррасӣ шуд. Роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири кӯдакистони “Ситора”-и донишгоҳ Саодати Раҳмоналӣ доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, сатҳи омодагии кадрҳо ва масъалаҳои вобаста ба ин самт иттилоъ дод.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи «Фаъолияти маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва таҳсилоти фосилавии донишгоҳ, раванди машғулиятҳо ва омодагӣ ба сессияи имтиҳонотии нимсолаи аввали соли таҳсили 2025-2026 дар таҳсилоти фосилавӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала сардори марказ, дотсент Алишери Абдулмаҷид гузориши таҳлилӣ ва муфассал пешниҳод кард.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ муовинони соҳавии ректор вобаста ба самтҳои фаъолияти худ гузоришҳои дахлдор пешниҳод намуда, доир ба ҷараёни корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ маълумот доданд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаҳо ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо дарназардошти гузоришҳои пешниҳодшуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Вай таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи вазифаҳои муайянгардида, инчунин сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар самтҳои омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳкими сатҳу сифати таълим ва боло бурдани фарҳанги меҳнату масъулиятшиносӣ омили асосии пешрафт ва рушду комёбии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, нисбат ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки роҳандозии фаъолияти мунтазам, ҳамоҳангии сохторҳои дохилии донишгоҳ ва иҷрои масъулиятноки вазифаҳо омили асосии расидан ба дастовардҳои нав ва таҳкими фаъолияти муассиса дар соли таҳсили ҷорӣ ба ҳисоб меравад.