,
Панҷшанбе, 13-ноябр
Бо ҳамин ном санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 33-солагии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Масъулияти пешбурди кори конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон бар уҳда дошт.
Конференсия бо сухани ифтитоҳӣ ва шодбошии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан оғоз гардид. Зимни сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бахшида ба ду рӯйдоди ниҳоят муҳимми сиёсиву таърихии кишвар, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ, бахту иқболи нек, рӯҳияи баланди ватандорӣ ва комёбиҳои тоза орзу намуд.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои тақдири давлат ва миллати тоҷик нуқтаи гардиш гардид. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои сиёсӣ пояҳои давлатдориро таҳдид мекарданд, ваҳдату сулҳ чун орзуи дастнораси ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ менамуд, маҳз бо интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ умеди нав ба қалби мардум баргашт.
Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ воқеан ҳам на танҳо як ҷаласаи сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нав, яъне марҳилаи эҳёи давлат, таҳкими сулҳу субот ва поягузории ваҳдати миллӣ буд. Пешвои миллат дар ҳамон лаҳзаҳои мушкил бо калимаҳои таърихии худ, «Ман ба Шумо сулҳ меорам!» роҳу равиши нави зиндагиро ба ҷомеа нишон доданд.
Сипас, номзади илмҳои таърих, дотсент Файзов Н.Н. дар мавзуи “Президент-кафили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ”, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Боронова Рухшона дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Сафаров Холмад дар мавзуи “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ” маърӯза намуданд.
Дар бахши музокирот номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра суханронӣ намуд.
Қайд гардид, ки таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ин на танҳо эҳтиром ба як шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мост.