, Чоршанбе, 12-ноябр

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз (11.11.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи таълимии 205-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, маърифати оиладорӣ дарси тарбиявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат - ифтихори давлат ва рамзи ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Дарсро куратори гурӯҳ, ассистенти кафедраи журналистика Наврӯззода Шамсия роҳбарӣ намуд. Ӯ дар оғоз ҳадаф ва аҳамияти баргузории дарсро баён карда, зимни ироаи маълумоти муфассал оид ба Рӯзи Президент иброз дошт, ки ин сана дар таърихи давлатдории миллии мо аз рӯйи мазмун ва моҳият яке аз муҳимтарин ҷашнҳо маҳсуб меёбад. Зеро маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллат ба субот, ваҳдат ва пешрафти устувор расид.

Сипас, миёни донишҷӯён суҳбат доир гардида, онҳо фикру андешаҳои худро дар бораи нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдат, рушди маориф, илм ва фарҳанги миллӣ баён намуданд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи Пешвои миллат шеър ва таронаҳои ватандӯстона қироат гардида, дарс бо руҳияи баланд ва эҳсоси самимӣ ҷараён гирифт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!