,
Чоршанбе, 12-ноябр
Санаи 11 ноябри соли 2025 дар кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайни факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедра Фурқати Сикандарӣ бо маърӯзаи илмии худ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ (AI) ва нақши он дар таҳсилоти олии касбӣ» баромад намуд. Дар маърӯза масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ, истифодаи он дар низоми таҳсилоти олӣ, имкониятҳо ва хатарҳои эҳтимолии он мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиёни семинар перомуни аҳамияти ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар таълим ибрози андеша намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд.