,
Чоршанбе, 12-ноябр
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи математика ва методикаи таълими он семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мушкилоти тайёрии касбии методологии омӯзгорони фанни математикаи МТМУ дар замони муосир” бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар ҷараёни семинар омӯзгорон оид ба паҳлуҳои гуногуни раванди таълими фанни математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баромад намуда, мушкилоту имкониятҳои амалии ин равандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Сафарализода Мубина, муаллими калони кафедраи зикршуда, дар мавзуи «Омӯзиши маводҳои дидактикии таълими тафриқа дар омӯзиши координатаҳои росткунҷа ва қутбӣ» маърӯза намуда, ба масъалаи мутобиқсозии маводҳои таълимӣ ба сатҳи дарки хонандагон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Имомов Зафархон, ассистенти кафедра, дар мавзуи «Мушкилоти таълими босалоҳият: имконият ва бартариҳо дар МТМУ» баромад карда, роҳҳои татбиқи усулҳои муосири таълимро дар амалиёт таҳлил намуд.
Ҳамзамон, Убайдуллои Абдусамад, ассистенти кафедра, бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун мушкилоти раванди таълими фанҳои дақиқ» баромад намуда, нақши олимпиадаҳо ва омодасозии хонандагонро дар ташаккули тафаккури таҳлилӣ таъкид кард.
Дар фарҷоми семинар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор ва муҳокимаи илмӣ доир гардида, пешниҳодҳои судманд ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълими фанни математика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ироа гардиданд.