, Сешанбе, 11-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ НАМУНАВӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз  11-уми ноябри соли 2025 дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машғулияти намунавӣ оид ба омодагӣ ба саводомӯзӣ дар мавзуи “Омӯзиши ҳарфи (О)” баргузор гардид. Дарсро мураббия Иброҳимова Малоҳат дар гурӯҳи тарбиятгирандагони синни 5-6-сола гузаронид.

Дар чорабинӣ профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Муҳаббат Иззатова, дотсенти кафедраи педагогика Имроҳимов Грез, инчунин ҳайати мураббияҳои кӯдакистон иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ин машғулият - тақвияти малакаҳои саводомӯзӣ, шиносоии кӯдакон бо ҳарфҳои алифбо ва бедор намудани шавқу завқи онҳо ба хондан ва нутқ буд.

Мураббия Иброҳимова Малоҳат дар ҷараёни машғулият бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ, бозиҳои дидактикӣ ва суҳбатҳои шавқовар кӯдаконро ба фаъолият ҷалб намуд. Тарбиятгирандагон бо ҳамроҳии мураббия ҳарфи «О»-ро омӯхта, калимаҳое бо ин ҳарф тартиб доданд ва шеърҳои кӯтоҳро бо ин ҳарф қироат карданд.

Дар анҷоми дарс, барои болидарӯҳии иштирокчиён аз ҷониби кӯдакон рақси якка ва саҳначаи тарбиявӣ иҷро карда шуд. Ҳозирин ба сатҳи омодагӣ ва ҳунари мураббия Иброҳимова Малоҳат баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки истифодаи усулҳои нав ва муҳити мусоиди таълимӣ метавонад дар рушди зеҳнӣ ва нутқии кӯдакон нақши муҳим бозад.  Машғулияти мазкур намунаи хуби татбиқи барномаҳои таҳсилоти томактабӣ буда, ба такмили малакаи педагогии мураббиён ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!