,
Сешанбе, 11-ноябр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ дар мавзуи «Мубтадо ва роҳҳои ифодаёбии он» баргузор гардид. Ин дарсро муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Алиева Бахтинисо, бо иштироки фаъолонаи донишҷӯёни гурӯҳи 102-и ихтисоси Забон ва адабиёти тоҷик дар доираи фанни таълимии практикуми забони тоҷикӣ баргузор намуд.
Мавзуи мазкур яке аз бахшҳои муҳими синтаксиси забони тоҷикӣ буда, устод Алиева Бахтинисо онро бо усули муосир ва тавассути кори гурӯҳӣ ба роҳ монд. Донишҷӯён ба зергурӯҳҳо тақсим гардида, зери роҳнамоии устод мавзуъро аз ҷиҳати назариявӣ ва амалӣ мавриди омӯзиш қарор доданд. Онҳо бо иҷрои супоришҳо ва таҳлили ҷумлаҳо дар тахтаи синф тавонистанд ҷойи мубтадоро дар сохтори ҷумла муайян намуда, дониши худро дар амал татбиқ намоянд.
Дар ҷараёни дарс муҳити пур аз шавқ ва ҳамкории созанда эҳсос мегардид. Суолҳои муаллим бо посухҳои саҳеҳу далелноки донишҷӯён ҷавоб ёфта, раванди таълим ранги боз ҳам омӯзанда гирифт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар дарси намунавӣ мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, инчунин ҳайати устодони факултет ҳузур дошта, аз раванди гузаронидани дарс ва усулҳои татбиқшуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ин гуна дарсҳои намунавӣ на танҳо ба такмили малакаи касбии омӯзгорон мусоидат мекунанд, балки дар боло бурдани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии забоншиносии донишҷӯён низ нақши муассир доранд.