, Душанбе, 10-ноябр

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МТОК-И ТОҶИКИСТОН


МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ ДАР МТОК-И ТОҶИКИСТОН

Бо чунин ном имрӯз, 8-уми ноябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори факултети филологияи рус дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ҳамчунин бахшида ба ҷашни 80-солагии муассиса конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар конфронс аҳли раёсат, олимону муҳаққиқони варзида аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла д.и.ф., профессори кафедраи забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав- Юсупова Заррина, н.и.ф., дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДСРТ-Холиқова Зуҳро; н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони ДДОТ ба номи С.Айнӣ-Валиев Нуралӣ, дотсентони донишгоҳ Файзуллоева Фирӯза, Бобоқулов Ҷумахон, коршиносон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромӣ, олимону донишмандон ва аҳли илму адаби кишварро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ самимона хайрамақдам гуфта, ҳузури онҳоро дар ин ҳамоиш боиси шодии афзун ва ифтихормандии ҷомеаи бисёрҳазорнафараи ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.

Дар зимн таъкид дошт, ки масъалаи рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ ба ҳайси забонҳои муоширати байни миллатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз Конститутсияи кишвар сарчашма мегирад. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки сиёсати забонии Ҳукумат, дар баробари ҳифзи покизагиву таъмини рушди рӯзафзуни забони тоҷикӣ, ба фаъолияти озодона ва азхудкунии забонҳои дигар мусоидат менамояд.

Интишори Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 апрели соли 2003 «Дар хусуси такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сиёсати забонии давлатиро барои даҳсолаҳо муқаррар намуд.

Дар ҷараёни конфронс маърӯзаҳои илмии ҷолиб ва таҳлилӣ, ки ба масъалаҳои муҳими забоншиносӣ ва методикаи таълими забони русӣ нигаронида шуда буданд, ироа гардиданд. Аз ҷумла: профессор Юсупова Заррина дар мавзуи “Русский язык в Таджикистане: Роль факультета русской филологии в подготовке педагогических кадров”, дотсент Холиқова Зуҳро дар мавзуи “Парадигматические трудности русского и таджикского глаголов отношения на примере художественно прозы”, дотсент Валиев Нуралӣ бо маърӯзаи “Изучения творчество В. Маяковского в высшей школе”, дотсент Файзуллоева Фирӯза дар мавзуи “Формирование и последовательное развитие умений и навыков связной монологической речи студентов” ва дотсент Бобоқулов Ҷумахон дар мавзуи “«Тихий дон» М. Шолохова как эпопия народной жизни” баррасӣ намуданд.

Иштирокчиён зикр доштанд, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки забони русӣ дар Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад, зеро он забони муоширати байни миллатҳо ва воситаи робитаи илмӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Дар ин росто бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор иқдомҳои муҳим, аз ҷумла, ҷорӣ намудани омӯзиши ҳатмии забонҳои русӣ ва англисӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот - аз кӯдакистон то мактабу донишгоҳ;  таъсиси Марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар; фиристодани донишҷӯёни лаёқатманд ба донишгоҳҳои хориҷӣ барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ; таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва маводи электронӣ ба забонҳои хориҷӣ; ташкили озмунҳо, олимпиадаҳо ва фестивалҳои забонӣ, ки ҳавасмандии ҷавононро ба омӯзиши забонҳо меафзояд амалӣ гардидаанд.

Тибқи маълумоти Шарофат Худойдодова-дотсент, ровии ҳамоиш кори конфронс нимаи дуюми рӯз бо баррасии беш аз 60 мақолаи олимону донишмандон ва устодону кормандон дар бахшҳо ҷараён гирифт. Иштирокчиён маърӯзаҳои худро пешниҳод ва масоили марбут ба забоншиносӣ ва методикаи таълими забони русӣ дар МТОК-и Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!