,
Шанбе, 08-ноябр
Имрӯз, 8-уми ноябри соли 2025, дар бинои маъмурии муассиса вохӯрии кории ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ҳайати устодону омӯзгорони факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ доир гардид. Дар кори вохӯрӣ ҳамчунин муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва ҳайати васеи устодону омӯзгорони факултет иштирок намуданд.
Мақсади баргузории вохӯрӣ ба вусъат бахшидани раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳким бахшидани интизоми меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва рушду инкишофи фаъолияти илмӣ дар муассиса нигаронида шудааст.
Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ бо ишора ба дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид доштанд, ки вазифаи муқаддаси ҳар як устод ва омӯзгор дар шароити рушди босуръати илму техника аз он иборат аст, ки сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва ҷаҳонбинии илмии худро пайваста такмил дода, ба тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст саҳм гузорад.
Ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳидоятҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати таълим ва иҷрои саривақтии нақшаҳои таълимӣ, инчунин роҳандозии усулҳои инноватсионии омӯзиш, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки устодон бояд дар самти таҳияи маводи таълимӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ фаъол бошанд.
Ҳамзамон, ректор раванди иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотиро зери таваҷҷуҳи хос қарор дода, аз муҳаққиқон, дотсентон ва омӯзгорон даъват ба амал оварданд, то дар таҳияи мақолаҳои илмӣ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ, ташкили конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ фаъолона ширкат варзанд. Бо дарназардошти аҳамияти таҳқиқоти илмӣ барои рушди ҷомеа ва иқтисодиёти миллӣ, ҷиҳати ҷалби бештари устодон ба корҳои илмӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба раванди таълим, таҳкими тарбияи ахлоқиву шаҳрвандӣ дар миёни донишҷӯён, вусъат додани корҳои тарғиботию фарҳангӣ ва инчунин такмили сифати корҳои методӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҳайати устодону омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити мусоиди фароҳамовардаи давлат дар таҳкими нуфузи илму маърифат, баланд бардоштани сатҳи таълим ва рушди устувори муассиса саҳми арзанда гузоранд.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар факултетҳои дигари муассиса низ дар назар дошта мешавад.