, Шанбе, 08-ноябр

ИҚДОМИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ЗЕБОИИ МУҲИТИ ЗИСТ


ИҚДОМИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ЗЕБОИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади нигоҳдории зебоии манзараи табиӣ, ҳифзи дарахтони ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва пешгирии шикасташавии шохаҳои онҳо дар фасли сармо корҳои дастаҷамъонаи поксозию ободонӣ доир гардид.

Дар доираи ин иқдом ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ бо ҳисси баланди масъулият дар буридани шохаҳои зиёдатӣ, батартибдарории дарахтони ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, қитъаҳои заминҳои таҷрибавии муассиса аз алафу растаниҳои бегона пурра покиза гардонда шуда, барои гузаронидани корҳои кишту шудгор мутобиқ ва омода карда шуданд.

Ҳадафи асосии чунин иқдомҳо пешгирии шикастани шохаҳои дарахтону гулҳои назди биноҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати зоҳирии муҳити атроф ва фароҳам овардани фазои зебо, тоза ва муназзам дар ҳудуди донишгоҳ мебошад.

Айни ҳол, раванди корҳои ободонию зебосозӣ бо маром идома дорад. Роҳбарияти донишгоҳ таъкид менамояд, ки чунин иқдомҳои дастаҷамъона минбаъд низ бо тарзу усули муайян ва ҷалби фаъолонаи устодону донишҷӯён мунтазам роҳандозӣ хоҳанд шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!