, Ҷумъа, 07-ноябр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ


ДАРСИ НАМУНАВӢ: КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ

Имрӯз 05.11.2025 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Ҳаёзода Қиёмиддин дарси кушод дар мавзуи “Кортҳои пардохтии бонкӣ ва нақши он дар рушди пардохтҳои ғайринақдӣ” аз фанни фаъолияти бонкӣ, дар гурӯҳҳои таълимии 305-306-и ихтисоси Кори бонкӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Наврӯз Носирӣ баргузор гардид.

Ҳаёзода Қиёмиддин дарсро тибқи муқаррароти мактаби олӣ шурӯъ намуда, дар робита ба мавзуи дарс “Кортҳои пардохтии бонкӣ ва нақши он дар рушди пардохтҳои ғайринақдӣ” маълумоти муфассал ироа намуда, қайд намуд, ки кортҳои пардохтии бонкӣ воситаи муосири ҳисоббаробаркунӣ буда, истифодаи онҳо ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ, таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ ва коҳиши гардиши маблағҳои нақдӣ дар иқтисодиёт мусоидат менамояд. Бояд қайд кард, ки рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ заминаи муҳими баланд бардоштани саводнокии молиявии шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир дарс бо саволу ҷавоб миёни омӯзгор ва донишҷӯён ба охир расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!