, Чоршанбе, 05-ноябр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Дар кафедраи забони муосири руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мизи мудири мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина, мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо МТЗАР, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғуломова Садбарг ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Нурматова Заррина суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Дар идома, донишҷӯёни факултети филологияи рус маърӯзаҳои худро вобаста ба таърих, моддаҳо ва бобҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.

Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни факултет бахшида ба 6-ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шеъру таронаҳо қироат гардид.

Дар фарҷом, мизи мудавар бо суолу ҷавоб, мубодилаи афкор ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!