, Чоршанбе, 05-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ ДОНИШГОҲ


Фото 2
Фото 3
Фото 4
Фото 5
Фото 6
Фото 7

Дар кӯдакистони "Ситора"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии мураббия Абдуллоева Малоҳат дар гурӯҳи тарбиятгирандагони синни 3-4-сола дар мавзуи “Тарбияи экологии кӯдакон” таҳти унвони “Тирамоҳи заррин” бо иштироки ҳайати мураббияҳои кӯдакистон баргузор гардид.

Сипас мураббия Абдуллоева Малоҳат дарсро дар мавзуи болозикр бо ёрии кӯдакон дар тахтаи синф идома дод. Дар ҷараёни дарс ҳар яке аз таълимгирандагони гурӯҳ дар бораи манзараҳои зебои тирамоҳ, дар васфи табиат ва тирамоҳи заррин бо шавқу завқ шеърҳо қироат намуданд.

Мураббия кӯдаконро ба дӯст доштани табиат, нигоҳдории сабзазорҳо ва эҳтироми табиат ташвиқ намуд. Дар охир ҳамаи иштирокчиён якҷоя ба ҷамъоварии баргҳои хушки тирамоҳӣ ва оро додани синф бо онҳо пардохтанд, ки ба муҳити дарсӣ зебоӣ ва рӯҳбаландӣ бахшид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!