, Чоршанбе, 05-ноябр

КОНСТИТУТСИЯ-ОИНАИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД


КОНСТИТУТСИЯ-ОИНАИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД

Бо чунин ном санаи 4-уми ноябри соли 2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр доштанд, ки Конститутсия сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дигар қонунҳо, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, қонунҳои соҳавӣ дар асоси он қабул мегарданд. Конститутсия ҳуҷҷати муҳими сиёсиву таърихӣ буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар идома Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика дар мавзуи “Конститутсия-ҳуҷҷати сарнавитсози миллат”, Ситораи Абдурасул, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Конститутсия-рамзи Истиқлолияти кишвар” ва Ҳамидзода Зебуниссо, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Нақши Конститутсия дар ҳаёти ҷамъият ва давлат” маърӯза намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!