,
Чоршанбе, 05-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи кафедраи биология ва методикаи таълими он Раҳмонов Ҳабибулло дар мавзуи “Таъсири нуриҳои органикӣ ва минералӣ ба ҳосилнокии зироатҳои лӯбиёдонагӣ ҳангоми кишти такрорӣ дар шароити минтақаи Кӯлоб”, зери роҳбарии номзади илмҳои кимиё, дотсент Музафарзода Даврон баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмии муҳаққиқ, дотсент Музафарзода Даврон, декани факултет, дотсент Ҷуразода Шоҳмурод, дотсенти кафедраи агротехналогияи Донишгоҳи давлатии Данғара Ҳафизов Абдуносир, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, дотсент Бобозода Бахтиёр, ҳайати профессорону дотсентон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он-Исуфзода Дилшод, номзади илмҳои кимиё, дотсенти кафедраи агротехналогияи Донишгоҳи давлатии Данғара Расулзода Бахтиёр, номзади илмҳои кишоварзӣ, муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он-Намозов Амонулло ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Раҳмонов Ҳабибулло бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.