,
Чоршанбе, 05-ноябр
Имрӯз, 4.11.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ” баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовини раиси суди вилояти Хатлон Бобоҷон Шералӣ, олимону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Ҳайати устодон ва меҳмонон дар аввал аз намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати олимон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса дидан намуданд.
Кори конфронс бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рамзи ҳувияту худшиносӣ оғоз гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ аҳли нишастро ба ифтихори 31-умин солгарди қабули санади муҳимму сарнавиштсоз-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустиву офияти комил, рӯзгори ободу осуда, муваффақиятҳои пайдарпай ва рушду шукуфоии ҳамешагии Ватани маҳбубамонро орзу намуд.
Зимнан таъкид дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои мардуми сарбаланди тоҷик шароити мусоидеро фароҳам овардааст, ки дар он арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва қадршиносии дастовардҳои даврони навини давлатдорӣ ба анъанаи устувор табдил ёфтааст. Маҳз дар партави ин сиёсати хирадмандонаву ватандӯстона имрӯз дар кишвар санаҳо ва рӯйдодҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегарданд. Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар радифи чунин санаҳои муқаддас қарор дошта, ҳар сол 6 ноябр ҳамчун яке аз рӯзҳои фараҳбахшу пурифтихори миллӣ бо эҳтирому шукӯҳ таҷлил карда шуда, ин рӯз рамзи истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва пояи устувори давлати ҳуқуқбунёду соҳибихтиёри тоҷикон дониста мешавад.
Бобоҷон Шералӣ - муовини раиси суди вилояти Хатлон зимни баромади худ дар мавзуи “Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон руйдоди муҳимми сиёсиву ҳуқуқии кишвар” иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастоварди давлати тоҷикон дар таърихи навин ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Сипас, Давлатзода Шуҳрат-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории миллӣ”, Исозода Зарина-муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ” баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки “Қонуни асосӣ ва олии дилхоҳ давлат Конститутсия ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он дар тамоми қаламрави давлат мустақиман амал мекунанд. Тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷумҳурӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва ҳангоми хилофи он будан, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Нисбат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бояд қайд кард, ки онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷум¬ҳуриро ташкил медиҳанд. Вобаста ба масъалаи мухолифат байни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилӣ, бартарият ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ дода мешавад”.