,
						Сешанбе, 04-ноябр
					
														Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Вазорати маориф ва илми кишвар корҳои созандагӣ ва бунёдӣ бо маром идома доранд.
Имрӯз, 4-уми ноябри соли 2025, дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии муассиса бахшида ба 80-солагии донишгоҳ дар ҳошияи истиқбол аз 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаи таълимӣ ва толори Шурои олимони факултет баъд аз таъмир ва таҷдиди куллӣ дар шакли наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, профессор Абдуллоев Маҳмуд Холович, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва сардорони раёсатҳо иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ ифтитоҳи синфхона ва толори Шурои олимонро қадами амалӣ дар роҳи татбиқи сиёсати маорифмеҳваронаи Пешвои миллат ва иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар арзёбӣ намуд. Вай таъкид кард, ки роҳбарияти донишгоҳ минбаъд низ барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, беҳсозии инфрасохтори муассиса ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯён тамоми имкониятҳоро истифода хоҳад кард.
Дар идома, профессор Абдуллоев Маҳмуд иқдомоти мазкурро дар самти амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм бисёр муассир ва таъсирбахш арзёбӣ намуда, ба раёсати донишгоҳ барои татбиқи нақшаҳои созандаву бунёдӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Ифтитоҳи синфхона ва толори Шурои олимон бо шароити замонавӣ ва муҳити мусоиди корӣ далели таваҷҷуҳи ҳамешагии раёсати донишгоҳ ба беҳсозии фазои таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳамсозии муҳити мувофиқ барои фаъолияти илмӣ ва маърифатии устодону донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки раёсати донишгоҳ дар заминаи сиёсати маорифмеҳваронаи Пешвои миллат ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, корҳои бунёдиву созандагиро дар донишгоҳ минбаъд низ бо рӯҳияи баланди худшиносӣ идома хоҳад дод.