, Сешанбе, 04-ноябр

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР ДОНИШГОҲ


Фото 2
Фото 3
Фото 4
Фото 5
Фото 6
Фото 7
Фото 8
Фото 9
Фото 10
Фото 11
Фото 12
Фото 13
Фото 14
Фото 15
Фото 16

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар дар доираи омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомоти созандаву бунёдиро амалӣ намуд.

Бо ҳадафи фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш, мутолиа ва такмили дониш, дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ толорҳои хониш ва муҳитҳои мутолиавӣ бо шароити замонавӣ таъсис дода шуданд. Дар ҳар ошёнаи хобгоҳ толорҳои барҳаво ва рӯшан бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои гармидиҳӣ, мизу курсиҳои бароҳат ва системаи равшанидиҳии муосир, ба истифода дода шуданд.

Ин иқдом бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлат ва Вазорати маориф ва илм дар самти такмил додани инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоиди таълиму тарбия сурат гирифт.

Бо ниятҳои маърифатпарварона ва ба хотири боло бурдани огоҳии донишҷӯён аз дастовардҳои замони Истиқлолият, дар ин толорҳо оинаҳои нилгун (телевизор) насб гардида, барои пайгирии барномаҳои иттилоотиву фарҳангии ватанӣ имконият фароҳам оварда шудааст.

Дар маросими расмии ба истифода додани толорҳои хониш ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор ва садорати факултетҳо ширкат варзиданд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯёни истиқоматкунанда, ректори донишгоҳ иқдомоти мазкурро қадами амалӣ дар иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат ва сиёсати илмомӯзиву навсозии соҳаи маориф, инчунин иҷро намудани дастурҳои Вазорати маориф ва илм доир ба беҳсозии муҳити таълиму омӯзиш арзёбӣ намуданд.

Зимнан таъкид карданд, ки Раёсати донишгоҳ минбаъд низ бо пайгирии ҷиддии сиёсати маорифмеҳваронаи Пешвои миллат ва дастурҳои Вазорати маориф ва илм тамоми имкониятро барои рушди босифати раванди таълиму тарбия ва фароҳамсозии шароити арзандаи омӯзиш амалӣ хоҳад кард.

Донишҷӯён низ зимни ибрози андешаҳо ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд, ки ҳамеша бо таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон, фароҳам овардани имкониятҳои мусоиди омӯзиш ва таъмини шароити арзанда барои таҳсилу зиндагии онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд.

Ҳамзамон, донишҷӯён аз Раёсати донишгоҳ барои татбиқи амалии дастуроти Роҳбарияти олии давлат ва Вазорати маориф ва илм, ки ба беҳсозии шароити таълим ва баланд бардоштани сатҳи маърифат нигаронида шудаанд, изҳори сипос карданд.

Раёсати донишгоҳ бо татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлат ва Вазорати маориф ва илм, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ минбаъд низ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ ва рушди кадрҳои соҳибмаърифат талошҳои судманд хоҳад кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!