,
Сешанбе, 04-ноябр
Имрӯз (1.11.2025) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.
Боиси нишоти афзуни коллективи муътабари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳ дар ин озмун фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд.
Дар озмун аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистранти курси 2-юми Донишгоҳ Фариза Исоева ғолиби ҷойи якум гардид.
Ҳамзамон аз рӯи номинатсияи «География» дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бошад, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси географияи донишгоҳ Аҳлиддин Давлатов сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки озмуни имсола аз 8 номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид.
Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.