, Шанбе, 01-ноябр

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДОРӢ


ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИДОРӢ

Имрӯз, 31 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ҷонишинҳои деканҳои факултетҳои муассиса оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, таълим ва тарбия баргузор гардид. Вохӯрӣ бо баҳрагирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо дар ин самт, инчунин андешидани тадбирҳои самарабахши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муназзамии раванди таълим ва корҳои тарбиявӣ доир шуд.

Сараввал, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, аз корҳои анҷомдодашуда дар самтҳои илм, таълим ва тарбия ёдовар шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, таҳкими фаъолияти пажӯҳишӣ, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмӣ ва татбиқи навовариҳои омӯзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки барои рушди устувори раванди таълим, зарур аст фаъолияти муназзами деканатҳо, ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва истифодаи методҳои муосири таълим таъмин гардад. Дар бахши корҳои тарбиявӣ бошад, аҳамияти хосса ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон дода шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонишинҳои декан оид ба илм, таълим ва тарбия фикру андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши робитаҳои хориҷӣ, боло бурдани сифати таълим ва ташкили чорабиниҳои тарбиявии муассир баён намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки ин вохӯрӣ идомаи мантиқии силсилаи мулоқотҳои пайдарпайи ректори донишгоҳ бо ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ мебошад, ки ҳадафи асосии онҳо таҳкими идоракунии самаранок, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва рушди ҳамоҳангшудаи тамоми соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!