, Ҷумъа, 31-октябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 30 октябри соли 2025 дар ҷаласаи муштарки кафедраҳои таърихи халқи тоҷик ва методикаи таълими он, физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Раҳматова Райҳонгул Бадарғаевна дар мавзуи «Саҳми академик Пӯлод Бобоҷонов дар рушди илми ситорашиносии тоҷик» зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Бобоев X. ва мушовири илмӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Исозода Собир барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих баргузор гардид.

Дар муҳокима мушовири илмии муҳаққиқ дотсент Исозода Собир, намояндагони қисми илми донишгоҳ, кафедраҳои марбута, ҳайати профессорону дотсентон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон Қурбонов Диловар- номзади илмҳои таърих, Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, дотсент мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик ва методикаи таълими он баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии муҳаққиқ бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!