, Ҷумъа, 31-октябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026

30 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон дар соли таҳсили 2025-2026 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ, аъзои Шурои олимон ва масъулони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, рӯзномаи ҷаласаро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар доираи рӯзнома масъалаҳои муҳимми фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Тибқи барнома, дар ҷаласа роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобозода Бахтовар бо гузориши “Вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва баргардонии маблағҳои буҷетӣ” (қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2022, №563) баромад намуд.

Сипас, дотсент Шералиева Садбарг, роҳбари гурӯҳи корӣ, доир ба масъалаи “Вазъи раванди таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика” ва дотсент Яъқубзода Фирӯз, раиси Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, оид ба “Фаъолияти Шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ: ҳолат ва дурнамо” гузориш пешниҳод намуданд.

Пас аз муҳокимаи пурмуҳтавои масъалаҳо, вобаста ба таъмини иҷрои нишондодҳо ва натиҷаҳои баромадҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои амалисозӣ ба сохторҳои марбута ирсол карда хоҳад шуд.

Дар қисмати масоили ҷорӣ инчунин пешниҳодҳои муовинони ректор ва сардорони раёсатҳо оид ба масъалаҳои ташкиливу корӣ баррасӣ гардида, қарорҳои зарурӣ қабул шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ Сафарзода Мунир Ватан ба ҳайати омӯзгорону кормандон супоришҳои мушаххас дод. Ӯ зарурати ҷиддӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, таҳкими корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷалби фаъолонаи донишҷӯён ба ҳаёти фарҳангию маънавии донишгоҳ ва густариши корҳои тарбиявиро бо дарназардошти талаботи замони муосир таъкид намуд.

Дар анҷом, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташкили муназзам ва иштироки фаъолонаи ҳайати васеи кормандону донишҷӯёни муассиса дар фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ - нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллӣ» ба раёсати донишгоҳ тақдим намуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!