, Панҷшанбе, 30-октябр

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ  «ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»


ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАЙАТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ  «ЛИБОСИ МИЛЛӢ - НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ»

Санаи 30-юми октябри соли 2025, дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати тарғибу ташвиқи либоси миллӣ мутобиқи нақшаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ Фестивали вилоятӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ-нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар фестивал раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Бунафша Файзиддинзода, муовини раиси вилояти Хатлон- Абдусаломзода Анзурат,  раиси шаҳри Кӯлоб- Назарзода Бахтиёр ва даигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи маълумот зимни баргузории фестивал бо иштироки зиёда аз 25 000 нафар занон ва бонувони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз назди мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ то назди ҳукумати шаҳр роҳпаймоии идона сурат гирифт, ки дар он занону бонувон-устодону омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо рӯҳияи идона фаъолона иштирок карда, дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ саҳмгузорӣ намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани Фестивали вилоятии “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон” баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Дар фарҷоми фестивал ба Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои тарғибу ташвиқи либосӣ миллӣ, пос доштани фарҳангу тамаддуни ниёгон ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти хатлон Давлаталӣ Саид супорида шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!