, Панҷшанбе, 30-октябр

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ


СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи тадбирҳои пешгирикунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон суҳбат-вохӯрӣ бо донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ баргузор гардид. Мавзуи асосии вохӯрӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳассоси ҷомеаи имрӯза - “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистӣ” бахшида шуда буд.

Дар вохӯрӣ сардори раёсати тарбия, дотсент Шарифзода Анвар доир ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии насли ҷавон мусоидат менамоянд.

Ӯ ба аҳамияти ҳифзи арзишҳои миллӣ, хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ишора кард. Инчунин, ӯ таъкид намуд, ки дарки дурусти ҷавонон аз хавфҳои ин равандҳо ва ҳамкорӣ бо ҷомеа барои таъмини амният ва субот хеле муҳим аст. Ин равандҳо на танҳо ба амният ва суботи ҷомеа, балки ба рушди маънавӣ ва фарҳангии кишвар низ таҳдид мекунанд.

Ҳамзамон таъкид доштанд, ки ҷавонон набояд ба доми гурӯҳҳои ифротгаро шомил шаванд ва пайваста дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд. Ӯ аҳамияти эҳтиёткориро дар баробари ҳар гуна аломатҳои шубҳанок ё рафторҳои ифротӣ қайд намуда, аз аҳли нишаст хост, ки дар ҳолати дучор шудан бо чунин вазъиятҳо ба мақомот хабар диҳанд. Ҳамкорӣ ва иттилоотрасонии шаҳрвандон метавонад дар пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ нақши муҳим бозад.

Дар идомаи вохӯрӣ ба донишҷӯён варақаҳои иттилоотӣ, ки дар он рӯйхати ташкилотҳои террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъ оварда шудааст, тақсим карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо тибқи нақша дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар назар дошта шудааст.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!