, Чоршанбе, 29-октябр

ДАРСИ КУШОД: ОМӮЗИШИ МАШҚҲОИ МУВОЗИНАТӢ


ДАРСИ КУШОД: ОМӮЗИШИ МАШҚҲОИ МУВОЗИНАТӢ

Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, ҷалби донишҷӯён ба раванди амалии омӯзиш, истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва эҷоди муҳити мусоиди таълимӣ аз ҷузъҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи малакаҳои касбии донишҷӯён маҳсуб меёбанд.

Бо назардошти ин ҳадафҳо, санаи 27 октябри соли 2025 аз ҷониби ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он Нурматов Шарофиддин дар гурӯҳи таълимии 203-и ихтисоси «Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ» дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушод баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ Султонзода Исмоил, мудири кафедраи болозикр, дотсент Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ Абдуллоҷони Ҳамрохон, инчунин дигар омӯзгорон ва устодони ҷавони факултет иштиро доштанд.

Мавзуи дарс “Омӯзиши машқҳои мувозинатӣ” муқаррар гардида буд. Ассистент Нурматов Шарофиддин дар ҷараёни дарс моҳияти илмиву назариявии машқҳои мувозинатиро тавзеҳ дода, мафҳум, намудҳо, аҳамият ва таъсири онҳо ба рушди қобилиятҳои ҷисмонии инсонро шарҳ дод. Ӯ бо такя ба манбаъҳои илмӣ ва методикаи таълими фан таъкид намуд, ки омӯзиши дурусти машқҳои мувозинатӣ барои ташаккули ҳисси устуворӣ, ҳамоҳангии ҳаракатҳо ва рушди қобилияти мутаносибии бадан аҳамияти калон дорад.

Дар рафти дарс донишҷӯён ба саволу ҷавоб ҷалб шуда, андешаҳои худро дар бораи мавзуъ баён намуданд. Ин мубодилаи назарҳо ба таҳкими дониши назариявӣ ва фаҳмиши илмии онҳо дар бораи машқҳои мувозинатӣ мусоидат кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!