,
Чоршанбе, 29-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор намудани дарсҳои кушоду намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, имрӯз (27 октябри соли 2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ, дарси кушод дар мавзуи “Персонаж ва аҳамияти он асари бадеӣ” доир гардид.
Дарсро дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” баргузор намуд. Дар ҷараёни дарс ҳайати омӯзгорони кафедра, аз ҷумла устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.
Шамшоди Ҷамшед дар оғози машғулият ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарсро тавзеҳ дода, моҳияти мавзуъро бо мисолҳои равшан аз осори классикӣ ва муосири адабиёти тоҷик шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки персонаж ҳамчун унсури асосии асари бадеӣ нақши муҳим дар таҷассум ва ифодаи идеяи асосии нависанда дорад. Ба гуфтаи ӯ, омӯзиши амиқи шахсияти қаҳрамон, хислат, рафтор ва ҷаҳонбинии персонаж ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки мазмуну муҳтавои асарро дар сатҳи баланди таҳлилӣ дарк намоянд.
Омӯзгор зимни шарҳи мавзуъ ба намунаҳои барҷастаи персонажҳои адабиёти тоҷик, аз ҷумла аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва нависандагони муосир мисол оварда, таъкид кард, ки таҳлили шахсияти қаҳрамон бояд на танҳо бо назардошти мазмун, балки аз дидгоҳи иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ анҷом дода шавад.
Дар қисми ҷамъбастии дарс миёни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон мубодилаи афкор ва баҳсҳои судманд доир гардид. Донишҷӯён бо пешниҳоди андешаҳои худ доир ба нақши қаҳрамон дар асарҳои гуногун, таъсири муҳит ба ташаккули шахсияти персонаж ва аҳамияти таҳлили бадеӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Мубоҳисаҳои илмӣ ва гуфтугӯҳои озод ба фаҳмиши амиқи мавзуъ, таҳкими донишҳои назариявӣ ва боло рафтани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши адабиёт мусоидат менамояд.