,
Душанбе, 27-октябр
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-ум то 22-юми октябри соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс байни калонсолон (писарон ва духтарон) баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Холиқов Хусрав донишҷӯи курси якум ва Раҳмонов Аҳмад донишҷӯи курси сеюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии донишгоҳ дар ин чемпионат сазовори ҷойҳои сеюм гардида, медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Раёсати Донишгоҳ донишҷӯёнро барои ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор мехоҳад.