, Душанбе, 27-октябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистика Ҳамидзода Зебунисо Абдуқодир дар мавзуи “Масъалаҳои адабиёти ҷадидияи тоҷик дар таҳқиқоти Соҳиб Табаров”, зери роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Кӯчарзода Аламхон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD аз рӯйи ихтисоси 6D011500- Адабиётшиносӣ баргузор гардид.

Дар муҳокима роҳбари илмии муҳаққиқ, профессор Кӯчарзода Аламхон, декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи мазкур, дотсент Шамшоди Ҷамшед, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, профессори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Шамсиддин Солеҳов, ҳайати профессорону дотсентон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон Шамсиддин Солеҳов-доктори илмҳои филологӣ, профессор, Асозода Ҳотам-дотсент, доктори илмҳои филологӣ, Ашурова Нодира-профессори кафедраи адабиёти тоҷик баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ҳамидзода Зебунисо Абдуқодир бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!