,
Душанбе, 27-октябр
Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи биология ва методикаи таълими он Самариддини Абдулло дар мавзуи “Омӯзиши хусусиятҳои биологии намудҳои авлоди Tulipa L. Ва интродуксияи онҳо дар шароити Тоҷикистони ҷанубӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои илмҳои биологӣ, директори маркази илмии Хатлони АМИТ Бобоев Марё Тиллоевич барои дарёфти дараҷаи илмии доктор PhD (доктори фалсафа) аз рӯйи ихтисоси 06.07.01- Ботаника баргузор гардид.
Дар муҳокима роҳбари илмии муҳаққиқ, доктори илмҳои биологӣ Бобоев Мариё Тиллоевич, декани факултет, дотсент Ҷуразода Шоҳмрод, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Исуфзода Дилшод, ҳайати профессорону дотсентон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон Тағоева Хатича-дотсент, номзади илмҳои биология, Ҷуразода Шоҳмурод-дотсент, номзади илмҳои биология баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Самариддини Абдулло бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.