,
Панҷшанбе, 30-октябр
Субҳи рӯзи шанбеи 25-уми октябри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби донишҷӯён ба варзиш ташкил шуда, барои оғоз кардани рӯз бо нерӯ ва рӯҳбаландӣ мусоидат менамояд. Тамринҳо зери роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он баргузор гардида, иштирокчиён машқҳои гуногуни баданиро иҷро карданд.
Ҳузури масъулини донишгоҳ нишон медиҳад, ки роҳбарият ба масъалаи солимии ҷисмонӣ ва равонии донишҷӯён аҳамияти махсус медиҳад. Машқи пагоҳирӯзӣ ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии таъсиси донишгоҳ ва барномаҳои давлатӣ оид ба тарғиби варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Баргузории чунин машқҳо дар донишгоҳ ҳар ҳафта тибқи нақша идома меёбад.