, Шанбе, 25-октябр

АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ


АРҶГУЗОРӢ БА ЗАҲМАТ

(Ифтитоҳи синфхонаҳо ба номи устодони собиқ дар ҳошияи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии донишгоҳ)

24-уми октябри соли 2025 дар доираи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки ба ифтихори 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илм ва маориф” дар ҳошияи истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, маросими  ифтитоҳи синфхонаҳо ба номи устодони собиқ ва олимони тавоно баргузор шуд. Дар ин маросим ҳайати иштирокчиёни конфронс ширкат варзида, аз раванди таълим дар синфхонаҳои навтаъсис дидан намуданд.

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бошукӯҳи 80-солагии донишгоҳ, дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика як зумра синфхонаҳои бо шароити муосири таълимӣ муҷаҳҳаз ба номи шахсиятҳои барӯманди илм ва устодони шинохта, методисти варзида, дотсент Қаюм Сангов, адабиётшинос, дотсент Шовалӣ Саидҷаъфаров, забоншинос дотсент Алиев Аҳмад ва ховаршинос Зафар Мирзоён ифтитоҳ гардиданд.

Инчунин дар маросим наздикону пайвандони устодони номбурда бо эҳсоси ифтихор ширкат варзида, аз ин иқдоми пурмаънои раёсати донишгоҳ, ки бо ҳадафи пос доштани хотира ва хизматҳои арзандаи устодони собиқ роҳандозӣ шудааст, изҳори сипос намуданд.

Ифтитоҳи чунин синфхонаҳо на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба заҳмату садоқати устодон, балки таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва инсонсопарваронаи Асосгузори салҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳамеша ба қадршиносӣ аз заҳмати омӯзгорон ва эҳёи мақоми илм дар ҷомеа таъкид менамоянд.

Дар нақша аст, ки чунин синфхонаҳои ифтихорӣ дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ таъсис ёбанд, то ин анъанаи нек-арҷгузорӣ ба заҳмат ва рисолати устод, ба як унсури доимии фарҳанги донишгоҳӣ табдил ёбад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!