, Шанбе, 25-октябр

ҶИЛВАИ ИФТИХОР


ҶИЛВАИ ИФТИХОР

(Боздид аз гушаҳову лавҳаҳои навтаъсис ва машғулиятҳои варзишӣ дар ҳошияи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии донишгоҳ)

24-уми октябри соли 2025 дар доираи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, ки ба ифтихори 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти унвони “Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илм ва маориф” дар заминаи истиқболи бошукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳайати иштирокчиён аз гӯшаву лавҳаҳои навтаъсис, ки ба ифтихори ин санаи таърихӣ омода шудаанд, боздид ба амал оварданд.

Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни пуршукӯҳ, даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ бо тарҳи наву муосир таҷдид гардида, бо лавҳаҳо ва овезаҳои иттилоотиву тарбиявӣ зебо оро ёфт.

Ҳар як гӯшаи таъсисёфта паёми равшан аз меҳру садоқат ба Ватан ва илму маърифатро ифода мекунад. Аз ҷумла, гӯшаҳои “Роҳбарони донишгоҳ”, “Ташрифи Пешвои муаззами миллат ба донишгоҳ”, “Муқаддасоти миллӣ-ифтихори миллӣ”, “Қаҳрамонони Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “25 май-Рӯзи ҷаҳонии футбол: ташаббуси Рустами Эмомалӣ” ва “Ҷилвагоҳи ифтихор-фарзандони маърифатпарвари донишгоҳ” ба таври зебо ва муназзам аз ҷониби ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан муаррифӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, лавҳаи “Тоҷикистон-меҳани ман, хонаи ободи ман” бо зебоии вижаи бадеӣ рӯҳи истиқлол ва ифтихори миллиро таҷассум мекунад. Ин гӯшаҳо на танҳо таъриху дастовардҳои донишгоҳро инъикос мекунанд, балки ҳамчун манбаи илҳом, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстӣ барои насли ҷавон хизмат мекунанд.

Зимни боздид, меҳмонон ба толори варзишии муассиса ворид гардида аз раванди машғулиятҳои варзишӣ дидан намуданд.

Иқдомҳои созанда шаҳодати онанд, ки  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мактаби воқеии маънавиёт ва худшиносии миллӣ буда, дар тарбияи кадрҳои соҳибилм ва ватандӯст саҳми арзанда дорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!