,
Шанбе, 25-октябр
(Дар ҳошияи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии донишгоҳ)
24-уми октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба 80-солагии таъсиси ин боргоҳи илму маърифат дар ҳошияи истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илм ва маориф” бо нишони эҳтиром ба хотираи неки саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди муҷассамаи шоир гулгузорӣ намуданд.
Дар маросими гулгузорӣ дотсент, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилзода Дилбар Раҳим, муовини раиси шаҳри Душанбе, Сафарзода Мунир Ватан, ректори донишгоҳ ва ҳайати олимону донишмандон ва роҳбарону фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Гутф шуд, ки гиромидошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани номи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи ин мутафаккири барҷаста далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.