, Ҷумъа, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «СУРУДИ АЛЛА» ТАҲТИ УНВОНИ «АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР»

 27.02.2023 227

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «СУРУДИ АЛЛА» ТАҲТИ УНВОНИ «АЛЛА-ИФШОГАРИ ОРЗУҲОИ МОДАР»

Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни “Рӯзи модар” ва баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақил, ки оила асоси пешрафт ва устувории давлат аст ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму ойини миллӣ, мероси ниёгон, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик ва густариши маънавиёти ҷомеа роҳандозӣ намудааст.

Дар ин росто имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни “Суруди алла” таҳти унвони “Алла-ифшогари орзуҳои модар” баргузор гардид.

Дар озмун ба ҳайси ҳакамон иштирок доштанд муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамо, омӯзгори собиқадори донишгоҳ Раҳимова Савронбӣ, ҳамчунин намояндагӣ аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳузур доштанд, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, раиси занону бонувони донишгоҳ Рӯзиева Барно ва ҳайати донишҷӯдухтарони тамоми факултетҳои донишгоҳ.

Сараввал муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда, меҳмононро хуш омадед гуфта, аз моҳияту шартҳои озмуни мазкур ба ҳамагон маълумот дода, ба кори озмун барор хостанд.

Сипас иштирокчиёни озмун ба иҷрои шартҳои озмун пардохтанд. Шартҳои озмун аз парпеч намудани тифл, гаҳвора кардани тифл, сароидани суруди алла ва пешниҳоди як ҳунари кадбонугӣ аз ҷониби иштирокчиён иборат буд, ки ҳамаи иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳои озмун ба хуби баромаданд ва беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд. 

Озмун ҳамасола дар арафаи Рӯзи модар ташкил ва баргузор мегардад. Дар озмун занону бонувон ва духтарон даъват карда мешаванд. Озмуни “Суруди алла” бо фарогирии занону духтарони бахшҳои фарҳанг, китобхона, осорхона, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мактабҳои санъат ва мусиқӣ, ансамблҳои оилавӣ ва ҳаваскорони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ду давр сурат мегирад. Даври аввали озмун дар шаҳру ноҳияҳо аз 1-ум то 28- уми феврал гузаронида шуда, даври дуюми озмун рӯзи 6-уми март дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар баргузор мегардад.




Ба рӯйхат