, Панҷшанбе, 05-март

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ 


БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ 

Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии  кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами омӯзиши физика дар шароити муосир” бахшида ба “80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ”  бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар семинар маърӯзаҳои омӯзгорон: Шарипов Сафаралӣ, номзади илмҳои физика-математика дар мавзуи “Тӯфонҳои шадиди чангу ғубор ва масари баръакси онҳо дар солҳои 2024- 2025” ва ассистенти кафедра Нодиров Комилҷон дар мавзуи “Тағйирёбии ҳарорати миёнаи мавсимӣ дар пойтахтҳои осиёи Марказӣ”  ироа гардид.

Дар охир атрофи мавзуҳои болозикр миёни иштирокдорони семинар мубодилаи афкор сурат гирифт.




Ба рӯйхат