,
Шанбе, 21-декабр
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ Рафиев Сафархон, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, номзади илмҳои физика ва математика Каримова Назокат, мудири кафедраи методикаи таълими информатика, номзади илмҳои педагогӣ Сафаров Сайтоҷиддин, ассисенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Ниёзов Шокир ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаи интихобгардида дар рафти семинар маълумот доданд.
Сипас Шамсудинов Файзулло, доктори илмҳои физика математика, профессори кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаи диференсалии факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Тасвирҳои интегралӣ ҳал барои як системаи барзиёдмуайяншудаи тартиби ду бо ду хати сингулярии дохила” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни семинар мубодилаи афкор сурат гирифт ва ҳамзамон донишҷӯён ба маърӯзакунанда саволҳои худро пешниҳод намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.