,
Якшанбе, 08-декабр
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)» баргузор гардид.
Дар семинар Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шарипов Анвар, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Изатов Умедҷон мутахассиси пешбари марказ ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
Сараввал Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва ҳамзамон сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, зимни баромадашон қайд карданд: “Махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ мебошад, ки зиёда аз 12 миллион нашрияҳои муаллифони рус, инчунин маълумот дар бораи истинод ба ин нашрияҳо беш аз 6000 маҷаллаҳои Русияро дар бар мегирад. Он на танҳо барои сари вақт таъмин намудани тадқиқоти илмӣ бо маълумоти муосири маълумотнома ва библиографӣ пешбинӣ шудааст, балки як воситаи пурқуввати таҳлилӣ мебошад, ки ба шумо имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва самаранокии ташкилотҳои тадқиқотӣ, олимон, сатҳи маҷаллаҳои илмӣ ва ғайра”.
Сипас мутахассиси пешбари Марказ Изатов Умедҷон дар мавзуи “Пайваст шудан ба махзани миллии библиографии иқтибосҳои илмӣ (РИНЦ)” суханронӣ намуда, оид ба тарзи ворид шудан ба ин махзани илмӣ ва ҷой доданӣ мақолаҳоро ба омӯзгорон фаҳмонид. Ҳамзамон иштирокдорон тарзи дурусти пайвастшудан ба ин махзани илмиро омӯхтан ва дар амал нишон доданд.
Дар охир атрофи мавзуи зикргардида саволу ҷавоб доир гардид.