,
Сешанбе, 21-октябр
Имрӯз (20.10.2025) дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Барги сабз"-и назди кафедраи биология ва методикаи таълими биология бо иштироки аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст, роҳбари маҳфил Талбакова Шабнам суханронӣ намуда, ҳозиринро ба мавзуъҳои баррасишавандаи маҳфил шинос намуданд.
Сипас, донишҷӯёни курси сеюми факултет: Шоидинов Абдурозиқ дар мавзуи “Маълумот дар бораи ферментҳо” ва Нигораи Сафаралӣ дар мавзуи “Растаниҳои нодир дар Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯён ба анҷом расид.