, Ҷумъа, 22-ноябр

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН БАРОИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШ

 25.02.2023 185

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН БАРОИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШ

Ҳар як шахси солимфикр, бахусус ҷавонписарон аз замони қадим хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии хеш дониста, аз давраҳои пеш баҳри дифои Ватан ҷонро фидо мекарданд. Ин нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастии халқи тоҷик  аз даврони пеш то ба имрӯз идома ёфта истодааст, ки мисоли он ба сафи хизмати ҳарбӣ даъват шудани наваскарон мебошад.

Роҷеъ ба ин мавзуъ санаи 24-уми феврал бо иштироки намояндагони комиссарияти ҳарбӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо хатмкунандагон сӯҳбату вохӯрӣ ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба таълим, Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Давлатзода Маснавӣ, комиссари комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб, Маҳмудзода Рӯъё, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, Амиров Давлат, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Кӯлоб, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои химия ва биология, физика ва математика ва факултети филологияи рус ширкат варзиданд.

Нахуст муовини ректор Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, қайд намуданд: “Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои миҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат  мераванд. Дар қиёс нисбати солҳои пешин шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он нисбати Пешвои муаззами миллат изҳори сипос менамоянд”.

Сипас Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва Давлатзода Маснавӣ, комиссари комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват карданд, то дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо намоянд. Таъкид гардид, ки барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хело зиёд ба роҳ монда шудааст.

Дар қисмати охир донишҷӯён ибрози андеша намуда, розигӣ доданд, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.




Ба рӯйхат