, Якшанбе, 19-октябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Санаи 18 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯёи кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҷумъахони Саидҳои Латифзода дар мавзуи “Ҳуқуқ ба манзил: масъалаҳои назарӣ ва амалӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор раҳмон Дилшод Сафарбек барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисосҳои 12.00.01-Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат ва 12.00.02-Ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ баргузор гардид.

Дар муҳокима роҳбари илмии муҳаққиқ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, декани факултет, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр, ҳайати профессорону дотсентон ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон Диноршо Азиз- профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Сулаймонзода Манучеҳр-дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Абдуллоев Маҳмуд-доктори илмҳои таърих, профессор, Камолов Шайхмуҳаммад-дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии ДМТ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Ҷумъахони Саидҳои Латифзода бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!