,
Ҷумъа, 17-октябр
15-уми октябри соли 2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Муҳофизони ватан”-и назди кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ бо иштироки роҳбари маҳфил, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.
Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуи баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, Ҷалилов Ғолибшо оғоз ёфт.
Сипас донишҷӯи курси чоруми факултет-Баротзода З дар мавзуи “Ташкили раванди таълим оиди омодагии то даъвати ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ва донишҷӯи курси дуюм-Акбарзода Ш дар мавзуи “Расонидани ёрии аввалин дар вақти шикасти устухон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.