, Ҷумъа, 17-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

15-уми сентябри соли 2025 дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки мудири кафедра, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуъҳои баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Саидов Даврон оғоз ёфт.

Дар маҳфил маърӯзаҳои донишҷӯёни курси 4-уми факултет Бобоев Абубакр дар мавзуи “Ҷаҳонишавӣ ва равандҳои сиёсӣ дар Шарқи наздик”, Меҳронаи Қурбоналӣ дар мавзуи “Пешвои миллат-бунёдгузори сиёсати хориҷӣ” ва Таварова Оишамо дар мавзуи “Нақши Вазорати корҳои хориҷӣ дар рушди истиқлоли давлатӣ” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаи баррасишуда ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!