,
Ҷумъа, 17-октябр
Санаи 15.10.2025 дар факултети филалогияи хориҷӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии "Конфутсия"-и назди кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Робияи Абдусамад, ассистенти кафедра Шарипова Зулола ва аъзоёни маҳфил иштирок намуданд.
Нахуст, роҳбари маҳфил Шарипова Зулола суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз намуданд.
Сипас, донишҷӯёни курси сеюм факултет: Ҷаъфарова Н. дар мавзуи “Таҳқиқоти грамматикаи қадимаи Чин”, Наргиси О. дар мавзуи “Грамматикаи муосири Чин” маърӯза намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.