, Ҷумъа, 17-октябр

ШОМИ АДАБӢ БАХШИДА БА 155-СОЛАГИИ ИВАН БУНИН


ШОМИ АДАБӢ БАХШИДА БА 155-СОЛАГИИ ИВАН БУНИН

Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва ба муносибати 80-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар факултети филологияи русӣ шоми адабӣ бахшида ба 155-солагии нависанда, адиб, тарҷумон ва якумин дорандаи Ҷоизаи Нобел аз адабиёти рус-Иван Алексеевич Бунин баргузор гардид.

Дар чорабинӣ садорати факултет, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Шоми адабиро мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус, дотсент Ғуломова Садбарг оғоз намуда, аз аҳамияти омӯзиши мероси адабии Бунин ва нақши эҷодиёти ӯ дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки Иван Бунин яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти рус буда, бо асарҳои пурмазмуну инсонпарваронааш тавонист симои маънавии инсони асри XX-ро инъикос намояд.

Сипас, дотсент Бобоқулов Ҷурахон дар мавзуи «Бунин — зеркало русской души» суханронӣ намуда, зикр кард, ки Бунин бо услуби худ, зебоии забон, назокати андеша ва ишқу эҳсоси инсонӣ тавонист адабиёти русро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад.

Дар идома донишҷӯён бо маърӯзаҳои кӯтоҳ доир ба зиндагинома ва фаъолияти адабии Бунин баромад намуда, шеърҳо ва пораҳо аз осори ӯро ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ қироат карданд. Ин баромадҳо бо ҳисси баланди эҳтиром ба адабиёт ва завқи зебоишиносӣ пазируфта шуданд.

Дар анҷом масъулон изҳор доштанд, ки кафедра минбаъд низ ба баргузории чунин чорабиниҳои маърифативу адабӣ идома дода, саҳми худро дар рушди муҳити зебоишиносӣ ва таҳкими дӯстии фарҳангҳо мегузорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!